Таҷлили Рӯзи нобиноён дар Ашт

 724 боздид

Имрӯз, 15 октябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Рӯзи нобиноён таҷлил карда шуд.

Дар таҷлили Рӯзи нобиноён муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сардори Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Каримзода Хушнуд, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и ноҳия Баҳром Тоҳиров иштирок доштанд.

Муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ табрикоти Раиси ноҳияро ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт, итминони комил дорем, ки минбаъд низ дар самти дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд аҳли ҷомеа боз ҳам дасти сахову мурувват бештар дароз намуда, дар таъмини шароити муосид саҳми сазовор мегузоранд.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия 90 нафар нобиноён сабти ном шудаанд, ки имрӯз аз тарафи Раиси вилояти Суғд ба андозаи 200 сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина тақдим гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.