Дар 5 соли охир ташрифи сайёҳон ба ноҳия зиёд гардида, теъдоди онҳо ба 10 ҳазору 885 нафар расидааст. Аз ин теъдод 216 нафарро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки аз мавзеъҳои тамошобоби ноҳия дидан намудаанд.
Асосан сайёҳон аз куҳҳо ва табиати зебои ноҳия дидан карда, барои гирифтани табобат ба мавзеи табобатӣ-истироҳатии “Аксикон” ки шароити хуби ҳозиразамон дорад ташриф меоранд.
Дар ноҳия филиали ширкати туристии “Суғдиён-ПомирТур” фаъолият дошта, барои омода кардани раводид ба сайёҳон хизмат мерасонад.