Вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Пискокат

 1 189 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 27 январи соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва Прокуратураи ноҳия дар деҳаи Пискокати ҷамоати деҳоти Ашт бо сокинони ин маҳал оид ба пешгирӣ намудани  ҷавонон ва сокинон аз равияҳои ифротгаро вохӯрӣ доир гардид.

Мулоқоти роҳбарони сохторҳои ноҳия дар саҳни МТМУ №15 ба номи Абулқосим Лоҳутии деҳаи мазкур ҷараён гирифта, дар он  Зариф Мирдадо, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон маълумот дод.

Сипас, прокурори ноҳия Раҳмонзода Абдусамӣ дар назди ҳозирин оид ба шомил шудани ҷавонони ин маҳал ба равияҳои ифротӣ суханронӣ намуда,  таъкид дошт: “Мо бояд қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистонро риоя намуда, дар корҳои ҷамъитӣ бетараф набошем. Тарбияи фарзандони худро дуруст ба роҳ монда, онҳоро аз  шомил шудан ба равияҳои тундгаро боз дорем”.

Дар охир иштиродорон андешаҳои роҳбаронро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.