Зоя Қодирова собиқ сардухтури беморхонаи марказӣ 75 сола шуд

 799 боздид

Зоя Қодирова духтур-ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳи беморхонаи марказии ноҳия, собиқ  сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ашт ба синни 75-солагӣ расид.

Зоя Қодирова дар давоми фаъолияти панҷоҳсолаи худ барои рушди соҳаи тандурустӣ, сол аз сол беҳ гардидани хизмати шуъбаи ҷарроҳии беморхона ба мардум саҳми босазо гузоштааст.

Зоя Қодирова дар давоми фаъолияти меҳнати худ ҳамчун духтур-ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия (солҳои 1969-1972), сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ашт (солҳои 1982-1989), мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ ( солҳои 1989-1999), аз соли 1999 то имрӯз ҳамчун духтур-ҷарроҳи беморхонаи марказӣ дои вазифа намуда истодааст.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар таҷлили ҷашни 75-солагии Зоя Қодирова ба беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда, аз рафти фаъолияти кории ӯ аз наздик ошно гардид. Ба Зоя Қодирова туҳфаи хотиравӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Аштро тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки Зоя Қодирова 25 январи соли 1944  дар Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1969 бошад Зоя Қодирова Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикитон ба номи Абӯалӣ ибини Синоро хатм кардааст.

Мавриди зикр аст, ки Зоя Қодирова барои фаъолияти пурсамар ва саҳм дар соҳаи тандурустӣ ба унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии соҳавӣ бахшида ба 1025-солагии  Абӯалӣ Ибни Сино (соли 2009) сазовор гардидааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.