100-нафар ба хизмати ҳарбӣ рафтанд

 1 385 боздид

Имрӯз, 4 октябр гурӯҳи аввали ихтиёрии ҷавонон аз ноҳияи Ашт ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 100 нафар сафарбар гардиданд. 

Дар маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва волидони наваскарон ширкат карданд.

Роҳбарияти ноҳия хизмати Ватанро қарзи ҳар ҷавонмард арзёбӣ карда, ба онҳо барои сарбаландона адои хизмати ҳарбӣ барору комёбӣ таманно кард.

 

Дар маросими гусели наваскарон маъракаи нонгазонии модарон баргузор гашт.

Дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияи Ашт бо гусели аввалин гурӯҳи ихтиёрӣ 60-фисади нақшаро иҷро кард.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.