Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар арафаи таҷлили Рӯзи модар ба хонаи занони собиқадори ноҳия ташриф оварда аз вазъи саломатӣ ва зиндагии онҳо аз наздик шинос гардид.
Зимни аёдати занони собиқадор Зариф Мирдадо аз хизматҳои онҳо ёдовар шуда таъкид дошт, ки занону бонувон дар ноҳия барои пешбурди тамоми соҳаҳо талош менамоянд. Ин ҷост, ки занон дар баробари мардон дар мақомҳои роҳбарикунандаи идораву ташкилотҳои ноҳия фаъолият менамоянд.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи модар 17 нафар занони собиқадор аёдат карда шуданд.