Қарори и.в раиси ноҳияи Ашт «Дар бораи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз–2017»

 431 боздид

« 21 »    феврали  соли 2017    №86      ш.Шайдон

Оиди қарори Раиси вилояти  Суғд аз 26.01. 2017 сол, №25 «Дар  бораи  таҷлили  Иди  байналмилалии Наврӯз–2017»

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ, тарғиби расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, бо назардошти мақом ва нақши Наврӯзи байналмилалӣ дар таърихи халқи тоҷик, қарор мекунам:

  1. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 январи 2017сол, №25 «Дар бораи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз — 2017» ба роҳбарӣ ва иҷро гирифта шавад.
  2. Моҳи марти соли 2017 ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳия хотирмон таҷлил карда шавад.
  3. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз тасдиқ карда шавад.
  4. Тантанаҳои ноҳиявии Иди байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи марказӣ баргузор карда шавад.
  5. Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва пурмазмун таҷлил кардани Иди байналмилалии Наврӯз тадбирҳо андешанд.
  6. Шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахшҳои фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия якҷоя бо иттиҳодияҳои эҷодию ҷамъиятӣ доир ба аҳамияти таърихиву фарҳангии Наврӯз корҳои оммавии тарғиботиро густариш дода, бахшида ба ҷашн дар ташкилоту муассисаҳо, маҳаллаҳо, шаҳраку деҳот ва қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия мулоқоту семинар, конфронсҳо ва сӯҳбатҳо дар атрофи мизи мудаввар баргузор намоянд.
  7. Бахши фарҳанги ноҳия барои бо мазмун ва мундариҷаи баланд омода намудани барномаи театрикунонидашуда ва консерти идона бо фарогирии санъаткорони варзидаи шаҳраку деҳоти ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешад.
  8. Роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон ба тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз ҳаматарафа омодагӣ дида, бо корҳои ободониву созандагӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ чораҷӯӣ намоянд.
  9. Ширкати радио ва телевизиони «ТВ-Ашт», радиоҳои «Диёр», «Радиои Ашт» ва рӯзномаи ноҳиявии «Шуҳрати Ашт» рафти омодагиро ба ҷашн мутазам инъикос намуда, барномаҳо таҳия ва маводҳо нашр намоянд.
  10. Назорати рафти таъмини иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи худ мегирам.

И.в раиси ноҳияи Ашт 

Зариф Мирдадо

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *