4 иншооти ҷашнӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ

 1 187 боздид

Имрӯз, 24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ашт, бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори идораи Кумитаи замин, Умарзода Ҷамшед, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Зариф Мирдадо, 4 иншооти ҷашнӣ аз ҷумла, бинои хизматрасонии нақлиёт, шустушӯи мошинҳо, фурӯши сузишворӣ ва мағозаи қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибулло Ғаниев, бо арзиши 350 ҳазор сомонӣ бо 4 ҷойи корӣ, дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор.

Пули (купруки) муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, бо арзиши 54 ҳазор сомонӣ, таъмири толори варзишӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, бо арзиши 43 ҳазор сомонӣ, дар деҳаи Бободархон, азнавсозии ошхонаи замонавӣ, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Олимҷон Исроилов, бо арзиши 33 ҳазор сомонӣ, бо 4 ҷойи корӣ, дар Ҷамоати деҳоти Понғоз мавриди истифода қарор гирифт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.