70 – солагии собиқадори меҳнат Ниёзмуҳаммад Иброҳимов ҷашн гирифта шуд

 20 боздид

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили рӯзҳои таърихӣ, зодрӯзи ходимони давлатию ҷамъиятӣ, адибон ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар соли 2021 аз ноҳияи Ашт” мунтазам корбарӣ намуда, дар ин радиф чорабиниҳоро доир намуда истодааст.
Санаи 5 апрели соли 2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои ноҳия, омӯзгорону собиқадорони соҳаи маориф, таҷлили 70 – солагии муовини озоди Раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дорандаи “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф” — Ниёзмуҳаммад Иброҳимов доир карда шуд.
Чорабиниро ровӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳолномаи соҳибҷашн ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Сипас, аз тарафи Раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят Раҳмонов Набиҷон, котиб – ҳамоҳансози Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзамҷон Ҳотамӣ, ва инчунин меҳмонони даъватшуда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баромад намуда, соҳибҷашнро ба рӯзи мавлудашон табрик намуданд. Нотиқон дар баромади худ нисбати хислатҳои инсонӣ, содиқ будан ба Ватан, дастовардҳои меҳнатӣ ва ҳиссаи арзанда дар тарбияи ҷавонону наврасон қайд намуданд. Аз тарафи шахсони баромаднамуда, ба соҳибҷашн меҳрнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Инчунин, дар рафти чорабинӣ духтари соҳибҷашн аз номи аҳли пайвандон суханронӣ намуда, миннатдорӣ баён намуд.
Баъдан барномаи рангоранги фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанг ва толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия барои иштирокдорон барномаи фарҳангӣ ва қироати шеърҳо аз ашъори Ниёзмуҳаммад Иброҳимов пешниҳод гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ Ниёзмуҳаммад Иброҳимов баромад намуда, миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти давлату ҳукумат барои ғамхорӣ ва қадрдонии доимӣ расониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.