Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дар Ашт

 343 боздид

Субҳи имрӯз, 5 апрели соли равон, дар ноҳияи Ашт маркази хизматрасонии ҶСК Коммерсбонки Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, Асадов Асад директори филиали ҶСК Коммерсбонки Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Хушнуд Ҳамралиев директори маркази хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Ашт ва сокинони касбу кори гуногун иштирок доштанд.
Тавре ба мо иттилоъ доданд, имрузҳо низоми бонкии вилоят фаъолияти худро пеш аз ҳама барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, дар ин раванд ҳамаи иқтидору имкониятҳои хешро барои қонеъ намудани талаботи иқтисодии кишвар бо захираҳои қарзӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва мустаҳкам намудани низоми бонкӣ сафарбар намудааст.
Имрӯз мисли солҳои пешин бо мақсади дастгирии Барномаи давлатии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ барои зиёд кардани маблағгузорӣ ба соҳаи иқтисодиёти вилоят тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Зимни суханрони роҳбарияти ноҳия ҷомеаи меҳнатии маркази хизматрасонии ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” дар шаҳраки Шайдонро бо ифтитоҳи бинои наву замонавӣ табрику таҳният намуда, таъкид намуданд, ки тамоми имкониятҳои мавҷуда ва саъю кӯшиши худро ҷиҳати рушди устувории ташкилот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии худ сарфа намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 6 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.