Зебосанами Ашт – 2017 муайян шуд

 1 145 боздид

Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ашт дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидов бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли ҷавонон озмуни “Зебосанами Ашт-2017” баргузор шуд.

Дар он 7 нафар ҷавондухтар аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, аз рӯи шаш шарт байни ҳам рақобат намуданд.

Дар озмун Миҷгона Одирматова хонандаи синфи 11-и литсейи №2 маҳорати баланд нишон дода, Шоҳҷоизаи “Зебосанами Ашт-2017”-ро ба даст овард.

Ҷои аввал насиби хонандаи синфи 11-уми МТМУ №17 Дилангез Ашӯрова гардид. Ҷои дуюм ва сеюмро Фарзона Мадаюбова ва Мадина Болтаева ишғол намуданд.

Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ашт гуфт, ки мақсад аз баргузории озмун васеъ намудани дониши ҷавондухтарон, ҳавасманд гардонидан ва баланд бардоштани маҳорати эҷодии онҳо мебошад.

Дар фарҷом ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома тақдим гардид.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.