Дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз санаи 3-юм то 16-уми майи соли ҷорӣ дар тамоми ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон фестивал – озмун таҳти унвони “Ғунчаҳои умед” байни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои ноҳия гузаронида шуд.
Санаи 18-уми май даври ноҳиявии фестивал-озмуни “Ғунчаҳои умед” оғоз мегардад, ки дар он ғолибони даври аввал аз муассисаҳои томактабии давлатӣ ва хусусии ноҳия иштирок мекунанд.
Мақсад аз баргузории фестивал-озмуни “Ғунчаҳои умед” дарёфти истеъдодҳои нав, дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия кардани кӯдакон ва фикру ҷисми солим доштани кӯдакон арзёбӣ гардид.