Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор шуд

 1 169 боздид

Имрӯз, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” баргузор карда шуд.

Дар Шӯро Зафар Мамадҷонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия гуфт, баҳри таъмини пешгирии ҳодисаҳои экстремистию террористӣ, ташаккули мафкураи зиддӣ ифротгароӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо экстремизму терроризм ва пешгирии он дар асоси нақшаҳои кории алоҳида мунтазам тавассути ВАО-и ноҳия, тариқи ширкатҳои телевизион ва радио барномаҳо, гуфтушунидҳо бо муттахассисони соҳа, фаъолон, аҳли зиё, шоирону нависандагон ва рӯзноманигорон таҳия мешавад.

Баъдан Ҷуразода Шамшод баромад карда, аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ намуд. Мо якҷоя бо сокинон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонем ҷавононе, ки дар давлатҳои исломӣ таҳсил мекунанд ва онҳое, ки ба гуруҳҳои тундгаро пайвастаанд ба давлат барогардонем.

Пас аз анҷоми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ  мулоқоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Солизода Абдувоҳид бо имомхатибон доир шуд.

Дар мулоқот роҳбарияти ноҳия аз имомхатибон даъват ба амал овард, то баҳри тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ ва пурзӯр кардани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бетараф набошанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.