Ҷаласаи кории роҳбарияти МИҲД-и ноҳия

 874 боздид

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳия таҳти раёсати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи корӣ, бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоату шаҳраки деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия баргузор гардид.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти як қатор шуъбаву бахшҳои МИҲД-и ноҳияро давоми моҳи сипаришуда таҳлил намуда, масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани  камбудиҳои ҷойдошта дар таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ба раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия супориш дода шуд, то бо ҷалби соҳоибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзӣ, дар муддати кӯтоҳтарин тарҳи сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва корхонаҳои саноатиро оид коркарди шир, рудаҳои пласмасӣ (шлангҳо) ва паррандапарварӣ ба МИҲД-и ноҳия пешниҳод намоянд.

Ба кишоварзони  ноҳия дастур дода шуд, ки яхобмонии заминҳоро ба анҷом расонида, ҷиҳати барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ монда, бунёди гармхонаву сардхонаҳо, омодасозии шабакаҳои обрасонӣ ва тоза намудани каналу ҷӯйборҳо чораҷӯйӣ намоянд.

Дар ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамчунин кори соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро баррасӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.