Мулоқоти Раиси ноҳия бо сокинони Ҷамоати деҳоти Понғоз

 910 боздид

Имрӯз, 9 ноябр дар Муассисаи таълимии №13, деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз мулоқоти Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт оид ба баргардонидан шахсони дар кофтукови ҷиноӣ қарордошта, бо сокинони деҳаҳои Хиштхона, Бободархон, Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз ва пайвандони онҳо баргузор гардид.

Дар мулоқот Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, прокурори ноҳияи Ашт,  сардори шуъбаи дар ноҳия будаи РКДАМ дар вилояти Суғд, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт, раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибон, сокинон ва пайвандони ашхоси дар кофтукови ҷиноӣ қарордошта иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин суҳбати ошкоро бо аҳли пайвандон ва наздикони дар рӯихати шахсони дар кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ашт қарор дошта ва баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зимни баромади худ қайд кард, ки то ин муддат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ 8 нафар аъзои гурӯҳи салафӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки аз онҳо 5 нафарашон аз деҳаи Саро мебошанд. Аммо боиси таасуф аст, ки то ҳанӯз 7 нафари дигар, ки аз деҳаҳои Понғоз,  Хиштхона ва Бободархон мебошанд, ба Ватан барнагаштаанд.

Дар идомаи баромади худ Раиси ноҳия З. Мирдадо аз иштирокдорон даъват ба амал овард, то дар баргардонидани пайдавандони худ бетараф набошанд.

Сафарзода Баҳриддин Сафар прокрурои ноҳия дар баромади худ, эзоҳи моддаҳои 401 (иловаи 1) ва 307 (иловаи 1,2,3)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар охир пайвандон ва хешу ақрабои шахсони дар кофтуков қарордошта, ваъда доданд то дар фурсати кӯтоҳтарин пайвандонашонро ба Ватан баргардонанд.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол аз ноҳияи Ашт 73 нафар дар рӯйхати шахсони дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд, ки аз инҳо 7 нафар аз деҳаи Саро, 4 нафар аз деҳаи Хиштхона, 1 нафар аз деҳаи Бободархон ва 1 нафар аз маҳаллаи Бураки Ҷамоати деҳоти Понғоз мебошанд.

Рӯйхати сокинони деҳаи Бободархон, Хиштхона ва Понғоз, ки дар ҷустучӯй ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт қарор доранд:

  1. Мадиев Толиб Сангинбоевич (деҳаи Бободархон)
  2. Аҳмадалиев Анушервон Абдувосидович (деҳаи Хиштхона)
  3. Шарипов Шавкатҷон Мамадҷонович (деҳаи Хиштхона)
  4. Норматов Искандар Соиббекович (деҳаи Хиштхона)
  5. Имомов Наимҷон Ҳамроқулович (деҳаи Хиштхона)
  6. Усмонов Боқи Абдумаликович (деҳаи Хиштхона)
  7. Бобоҷонов Тухтасун Абдуқаҳҳорович (маҳаллаи Бурак)

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.