Ҳунарҳои миллӣ дар ноҳия рушд мекунад

 1 921 боздид

Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, беҳтаргардонии вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзиву шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ин ҷост, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди ҳунарҳои дастӣ аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдузӣ диққати махсус дода шуда, барои бонувони ҳунарманд  грантҳо таъсис ёфтааст. Замира Расулова масъули маркази “Эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ” дар ҷамоати шаҳраки Шайдон соли 2016  барои рушди ҳунари адрасбофӣ соҳиби гранти раиси вилоят ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ гардид.

Дар ноҳияи Ашт як омӯзишгоҳи муштарак, маркази ҳунаромӯзии калонсолон, коргоҳи хурди “Ҳусноро”, гуруҳҳои ҳамдастии “Мумтоз”, “Дилноза”, “Хуморҷон” ва “Рустам” ташкил гардида, дар ин марказҳо занони хонашин ба ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ ҷалб карда шудаанд.

Мақсад аз таъсиси марказҳои истеҳсоливу омӯзишии атласу адрасбофӣ дар ноҳия ҷалб намудани занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ арзёбӣ мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки то ин дам 88 нафар занон ва ҷавондухтарон курсҳои омӯзишии ҳунари атласу адрасбофиро хатм намуданд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.