АШТ: ПЕШГИРӢ БЕҲТАР АЗ ТАБОБАТ АСТ

 475 боздид

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо бемории коронавируси COVID-19 мубориза мебаранд. Миёни 53 кишвари минтақа Тоҷикистон ва Турманистон ду кишваре маҳсуб меёбанд, ки ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аммо бо ин вазъ наметавон бепарвову бетараф буд, чун ҳар яки мо медонем, ин беморӣ худ аз худ не, балки аз дигар кишварҳое, ки сокинонашон гирифтор шудаанд, меояд. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон низ барои пешгирии воридшавии вирус имрӯз таваҷҷуҳи зиёд равона карда мешавад.

Дар ин раванд, дар ноҳияи Ашт низ ҷиҳати пешгирии ин бемории вазнин бо таваҷҷуҳи пайвастаи МИҲД-и ноҳия ва ҳамаи шохаҳои соҳаи тандурустӣ корҳои зиёд анҷом меёбанд.

Маълум аст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз санаи 21 то 31 март дар таътили баҳорӣ қарор доштанд.  Ҳарчанд сару садоҳо дар бораи дар Тоҷикистон низ эълон шудани карантин чӣ тавассути шабакаҳои интернет ва чӣ байни мардум зиёд гардид, аммо аз санаи 1 апрел таҳсили хонандагон оғоз ёфт. Ва албатта ин бори дигар бозгӯи он аст, ки дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба хотири огоҳӣ ёфтан аз вазъи тарбияи кӯдакон дар боғчаҳои бачагона ва таҳсили хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ба боғчаи №2 ва гимназияи №1-и маркази ноҳия ташриф овардем.

Тибқи маълумоти мудири боғчаи бачагонаи №2 Нигина Шарифзода айни замон дар ин ҷо 8 гурӯҳ амал мекунад ва наздики 200 нафар кӯдакон бо тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ҷониби оростакорон ҳамаи гурӯҳҳо пайваста бо маҳлули хлор поккорӣ мешаванд. Ҳамчунин ошхона, роҳравҳои муассиса ва ҳоҷатхона дезинфексия карда мешаванд. Маҳлулҳои безараргардонӣ ва хлор дастрас ва захира шудаанд. Ҳам кӯдакону мураббияҳо ва ҳам волидон бо ниқобҳо ба боғча омада мераванд.

—Вазъи санитарию эпидемиологии муассисаро дирӯз намояндагони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия санҷида, изҳори қаноатмандӣ намуданд,—гуфт дар суҳбат мудири муассисаи томактабии №2. –Мо қарор додаем, ки рӯзҳои истироҳатӣ низ бонавбат ҳуҷраҳои муассиса ва гирду атрофи онро поккорӣ карда истем. Бо падару модарон пайваста суҳбат гузаронида, ҷиҳати фаҳмонидани роҳҳои пешгирӣ аз ҷониби ҳамшираи тиббии муассиса Нодира Маҳкамова роҳнамоиҳо пешниҳод карда мешаванд. Вазъи саломатии кӯдакон низ дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад.

Санҷиш нишон дод, ки гимназияи №1-и маркази ноҳия (хонандагон-782 нафар, муаллимон—64 нафар) низ ҷиҳати пешгирии ин беморӣ тадбирҳо андешидаанд. Дар даромадгоҳи муассиса шахси масъул дастони ҳар як нафаре, ки вориди он мешавад, бо маҳлули махсус пок мекунад. Ҳамаи хонандагон бо ниқоб дар машғулиятҳо ширкат доранд.

Тибқи маълумоти ҷонишини директори гимназия Д.Қурбонова дар муассиса маҳлулҳои антисептикӣ, безараргардонӣ ва хлор дастрасу захира ва чанд нуқтаи дастшӯӣ бо фароҳам овардани собун ташкил шудаанд. Ҷиҳати фаҳмонидани роҳҳои пешгирӣ аз беморӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ бо намояндагони соҳаи тандурустӣ суҳбат ва фаҳмондадиҳиҳо доир карда шуданд.

—Бояд гуфт, тибқи роҳнамоиҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муассисаи мо низ то оғози таҳсили баъди таътил дезинфексия (тамиз) ва поккорӣ карда шуда буданд,—гуфт директори гимназияи №1 Д.Муллоҷонова. Барои пешгирии ин беморӣ мо, ҳама—ҳам омӯзгорон, ҳам волидон ва ҳам хонандагон вазифадор ҳастем. Эътимод дорам, волидон моро дастгирӣ хоҳанд кард.

Тибқи маълумоти сардори назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ашт М.Мирзоев дирӯз ҳамаи муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраки Шайдон аз ҷониби намояндагони коргоҳ ҳамаҷониба санҷида шуданд. Таваҷҷуҳи бештар ҷиҳати дастрасӣ доштан ва захира намудани маҳлулҳои безараргардонӣ, хлор, тозагии муҳит, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ равона карда шуд. Ин амал ҷараён дорад.

Санаи 1 апрели соли равон Роҳбари намояндагии доимии Дафтари минтақавии аврупоии СУТ дар Тоҷикистон Галина Перфилйева ба қайд гирифта нашудани коронавирусро дар Тоҷикисон  расман бозгӯ намуд. Аммо бо ин ҳама, ҳар нафарро мебояд аввалан ба гуфтаҳои табибон ҷиҳати пешгирии ин беморӣ гӯш диҳанд, аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд ва то қадри имкон ба гигиенаи шахсӣ риоя кунанд.

Ва аз ҳама муҳимаш барои гирифтани иттилоъ бештар ба расонаҳои расмӣ рӯ оранд, ба навиштаҳои гуногуну фейкҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда бовар накунанд ва бештар аз сарчашмаҳое, ки воқеъиятро менигоранд, истифода баранд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.