COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 104 нафар ва дар фазои Иттиҳод ба 2499 кас расид

 373 боздид

Дар Ӯзбекистон 16 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19 ошкор гардид ва шумораи умумии онҳо дар ин давлат ба 104 нафар расид. Ҳамчунин дар ин давлат як ҳолати дигари фавт ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо ба ду нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати 28 март шумораи гирифторони коронавирус дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 2499 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар Россия 1036 ҳолат, Арманистон – 329, Украина – 310, Қазоқистон – 204, Молдова – 199, Озарбойҷон – 165, Ӯзбекистон – 104, Беларус – 94 ва Қирғизистон – 58 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар баъзе аз ин давлатҳо шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 45 нафар, Беларус — 32, Арманистон – 28, Озарбойҷон – 15, Қазоқистон – 13, Ӯзбекистон – 5, Украина – 5 ва Молдова – 2 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Илова бар ин, дар Россия 4 ҳолати фавт бар асари коронавирус, Украина – 5, Озарбойҷон – 3, Молдова – 2, Ӯзбекистон — 2, Арманистон – 1 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 110 нафарро ташкил медиҳад, ки ду каси онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 597 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 27 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 133 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 23 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АМИТ «Ховар»

АКС аз АИ «UzReport»

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.