СИПОС БА БОНУИ СОҲИБКОР!

 400 боздид

Имрӯзҳо ашхоси босаховату хайрхоҳ ҷиҳати дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ, ниёзмандон ва беморон то қадри имкон дасти сахои хешро дароз менамоянд. Таваҷҷуҳу ғамхории як қатор сокинони ноҳияи Ашт, ки айни ҳол дар вилояту пойтахт, дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он зиндагиву кор мекунанд, рӯз аз рӯз меафзояд, чун аксари онҳо ҳамеша дар ёди Ватани “кӯчак”-и худ ҳастанд.
Яке аз бонувони саховатманди ноҳия, ки айни замон дар пойтахт фаъолият дорад, директори ҶДММ “Бунёд Авиа-Тревел” Истамой Мадалиева дар ин рӯзҳои ҳассосу санҷишталаб дар канор ва бетараф намонд. Ба ҳамдиёрони аштии худ саховат кард.
Тибқи иттилои бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкорзан Истамой Мадалиева санаи 22 май ба 30 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, ки дар ин вазъияти фавқулодда шабонарӯзӣ ҷиҳати табобати беморон, пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 фаъолият доранд ва дар сафи пеш ҳастанд, кӯмаки моддӣ (аз ҷумла, равған, қанди сафед, биринҷ, чойи хушк) расонида шуд. Ҳамчунин ба шаст оилаи ҷамоати шаҳраки Шайдон оши палав омода ва пешниҳод гардид.
Ҷойиз ба зикр аст, 13 нафар кормандони коргоҳи қолинбофии шаҳраки Шайдон ва оилаҳои ниёзманди шаҳрак бо як халтагӣ орд аёдат карда шуданд.
Соҳибкорзан гуфт, ин анҷоми кор нест, минбаъд низ мувофиқи имконияти молиявиаш ба ҳамдиёронаш кӯмак хоҳанд расонд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.