АШТ: МУЛОҚОТИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БО РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

 574 боздид

Имрӯз, 21 май ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз вазъи эпидемикии ноҳияи Ашт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ба ноҳия ташриф овард.
Аввалан Раиси ноҳия Зариф Мирдадо оид ба вазъи имрӯзаи эпидемикии ноҳия сухан гуфт. Қайд карда шуд, айни ҳол 48 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шудаанд, ки 4 нафарашон дар шуъбаи эҳёи беморхона қарор доранд. 28 нафар беморон сиҳат шуда, аз беморхона мураххасӣ гардиданд.
МИҲД-и ноҳия ҷиҳати пешгирии бемории сироятии КОВИД-19, шароити мусоид фароҳам овардан ба беморон, дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тиб, харидории маводҳои зарурӣ ҷиҳати табобати беморон, ба аҳолӣ фаҳмонда додани тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ тамоми чораву имкониятҳоро ба кор бурда истодааст. Бояд гуфт, соҳибкорон, ашхоси саховатманду хайрхоҳи ноҳия, фаъолон ва бахусус кормандони соҳаи тиб дар паҳлӯи роҳбарияти МИҲД-и ноҳия қарор доранд ва пайваста ҷиҳати пешгирии бемории мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар ноҳия безараргардонии ҷойҳои серодам, марказҳои савдо, кӯчаҳои марказӣ, хонаҳои истиқоматӣ, нақлиёт (бо истифода аз ҳароратсанҷи фосилавӣ—тепловизор) пайваста ҷараён доранд. Ҷиҳати дар харидории доруворӣ ба монеа дучор нашудани аҳолӣ тавассути навбатдорӣ дорухонаҳои ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 24 соат дар хизмати мардум ҳастанд. Масъулин пайваста нархи дорувориҳоро назорат мекунанд. Ҳамчунин Маркази машваратӣ таъсис дода шудааст, ки ҳар нафар метавонад ба суолҳои худ аз намояндагони соҳаи тандурустӣ тариқи телефон маълумот гирад. Дар радиои маҳаллӣ ва рӯзномаи ноҳиявӣ бо ширкати намояндагони ҳамаи самтҳои соҳаи тандурустӣ борҳо барномаҳо пахш ва маводҳо ба дасти чоп расиданд, ки ин раванд идома хоҳад ёфт.
Бо ҷалби ихтиёриён ва занону ҷавонони фаъол гурӯҳҳо таъсис дода шудаву онҳо ҳамарӯза дар миқёси ноҳия тавассути гашти хона ба хона аҳолиро бо тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар, истифодаи ниқобу дастпӯшакҳо, риояи қавоиди беҳдошт огоҳ месозанд.
Зимни вохӯрӣ муовини Сарвазири ҶТ Ширин Исматуллозода аввалан аз мулоқоти дирӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд. Қайд карда шуд, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали бақайдгирии ин беморӣ дар кишвар Ситоди ҷумҳуриявиро таҳти сарварии Сарвазири ҷумҳурӣ таъсис дод. Ҷиҳати рафъи бемории мазкур 29 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо шудааст. Имрӯз яке аз вазифаҳои муҳими мо таъмини фаъолияти бонизоми ҳамаи самтҳои соҳаи тандурустӣ (беморхонаву марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ) тавассути харидории дорувории зарурӣ, таҷҳизоти беморхонаҳо ва ҳамчунин маводи ғизоӣ маҳсуб меёбад.
Аз баромади пурмуҳтавои Пешвои миллат метавон хулоса намуд, ки хурӯҷи бемории сироятии КОВИД-19 моро ҳушдор дод, ки дар оянда барои омода намудани кадрҳои соҳибихтисос, бахусус, табибони сироятшинос (вирусологҳо) аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Сарвари миллат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҷиҳати ҷалби равоншиносон баҳри пешгирии таҳлука байни мардум, паҳн намудани тавсияҳои мутахассисон, истифода бурдан аз гиёҳҳои шифобахши кишвар барои омода намудани доруворӣ ва нӯшобаҳо, баланд бардоштани сифати барномаҳо, маводҳои васоити ахбори омма ва бад ин васила боло бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба сифати доруҳои ба ҷумҳурӣ воридшаванда, вусъати корҳои безараргардонӣ, бунёди беморхонаҳои сироятӣ бо ҷалби соҳибкорони босахои ватанӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Имрӯз дар Тоҷикистон карантин эълон нашудааст, аммо аҳолии кишвар бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тавсияҳои мутахассисон ба пастшавии шиддатёбии беморӣ мусоидат карда истодаанд . Риояи қоидаҳои тавсияшуда—ҳамин аст роҳи асосии пешгирии ин вабои аср.
Ширин Исматуллозода аз ҳамаи сохторҳои соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолияташон пурсиш ба амал оварда, супоришҳои қатъӣ дод. Дар назди ҳар нафар вазифа гузошта шуд, кори худро аз таҳти дил, бо нияти пок ва масъулияти баланд иҷро намояд. Таҳлукаву воҳимаи аҳолиро бо фаҳмондадиҳӣ ба низом дароранд.
Айни ҳол, ки хонандагон дар таътил қарор доранд, бояд таваҷҷуҳи насли бузургсол ба онҳо бештар зоҳир гардад. Пешвои миллат низ таъкид намуданд, ки истифода аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва меҳнат дар он аз як ҷониб ба буҷаи оила манфиат орад, аз ҷониби дигар барои саломатии инсон фоиданок аст. Пас, вақте омадааст, ки ба меҳнат фарзандонро ҷалб намоем: ҳам бекор намемонанд ва ҳам заҳмат кашиданро меомӯзанд.
Мардум бояд дарк намоянд, ки ҳар чӣ қадар дар хона бошанд ва безарурат ба кӯча набароянд, қавоиди беҳдоштро риоя созанд, ҳамон қадар тезтар аз ин вабои аср раҳоӣ хоҳем ёфт.
Аз ҷониби сардухтури беморхонаи марказии ноҳия А.Имомов пешниҳод карда шуд, ки барои пешгирии ин беморӣ метавон аз шарбати шифобахши зардолу истифода кард. Ашт макони меваҳои шаҳдбор аст ва барои омодаву пешниҳоди мардум намудани чунин шарбатҳои шифобахш имконият фаровон аст.
Дар анҷом муовини Сарвазири кишвар Ширин Исматуллозода ба ҳамаи кормандони соҳаи тиб изҳори сипос ва ҳам боварӣ намуд, ки бо дастгирии якдигар, аз як гиребон сар баровардан ва бо масъулияти беш фаъолият намудан ҷиҳати пешгирӣ ва табобати ин бемории сироятӣ ба ҳадаф хоҳем расид.
Дар мулоқот муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок ва баромад намуд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.