Табрики Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ба муносибати Иди саиди Рамазон

 457 боздид

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи Шумоён ва дар шахсияти Шумо аҳли оилаи азизатонро ба муносибати Иди моҳи Шарифи Рамазон самимона табрик намуда, аз даргоҳи Худованди бахшандаву ниҳоят меҳрубон мағфирати гуноҳон, ҳидоят ва устуворӣ дар дин, саодатмандии дунё ва охиратро таманно менамоям. Аз даргоҳи Фармондеҳи оламиён дуогӯи онам, ки дар ин моҳи муборак ба хонадони мову Шумои азиз баракоти худро арзонӣ дошта, аз ҳамаи бемориҳову ғуссаҳо мову Шумо ва пайвандонамонро нигоҳ дорад.
Моҳи мубораки Шарифи Рамазон дар кишвари мо бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати озодиву соҳибистиқлолии ватани азизамон мақоми расмӣ гирифта, чун анъана ҳар сол таҷлил мегардад.
Пешвои миллат зимни сухани табрикотиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон қайд намуданд, ки “Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳикматҳои аслии моҳи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эҳсоси гуруснагиву ташнагӣ аз ҳолати ятимону маъюбон, беморону эҳтиёҷмандон ва шахсони камбизоат бештар огоҳ мегардад ва барои осон намудани мушкилоти онҳо мувофиқи имконияту тавони худ дасти кӯмак дароз мекунад”.
Рамазон моҳи сабру таҳаммул буда, ба инсон устувориву пойдорӣ меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад. Моҳи Рамазон моҳи файзу баракат, хайру саховат, бахшиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо мебошад.
Садақаи фитр, ки яке аз рукнҳои муҳими моҳи шарифи Рамазон аст, тибқи манбаъҳои муътабари исломӣ ва василаҳои муҳими дастгирии шахсони ниёзманд мебошад ва он набояд ба шахсони тавонманду доро уламову ходимони дин, балки ба хешу табори наздики эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва мусофирону камбизоатҳо дода мешавад. Зеро тибқи ояти 60-уми сураи Тавбаи Қуръони маҷид танҳо чунин одамон ба қабули ҳар гуна хайрот, аз ҷумла садақаи фитр ҳақ доранд.
Имрӯзҳо аз сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус дари масҷидҳо баста шуда, аз тарафи намояндагони уламои дин ба мардум фаҳмонида шуд, ки бояд ҳама дар хонаҳои худ тоату ибодат карда, хайру фитри рӯзашонро ба шахсони эҳтиёҷманд гузоранд.
Итминон дорам, мардуми олиҳиммату саховатманд ва банангу номуси ноҳияамон дар ин рӯзи муборак ва дар ин рӯзи вазинини дучор омада бо амалҳои неку хайр, баҳри солимии ҷомеа, ободкориву созандагӣ рӯй оварда, аз ятимону бепарасторон, маъюбу барҷомондагон, мусофирону камбизоатон ва бемороне, ки ба бемории сироятии коронавирус дучор гадидаанд, хайрашонро дареғ намедоранд ва кӯмаки худро мерасонанд.
Имрӯз низ моҳи мубораки шарифи Рамазон дар рӯзҳое баргузор гардида истодааст, ки тамоми кишварҳои олам дар ҳолати вазнинтарин қарор дошта, ин ҳам бошад паҳншавии бемории сироятии коронавирус, ки миллинҳо нафар ба ин беморӣ сироят ёфта ва ҳазорҳо нафар аз ин беморӣ фавтида истодааст. Дар қатори дигар давлатҳо кишвари азизи мо—Тоҷикистон низ баҳри пешгирии ин бемории сироятӣ чора ва тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст.
Дар чунин вазъияти ноороми ҷаҳон мову шуморо мебояд ҳушёриву зиракиро аз даст надода, баҳри солимии ҷомеа ҳиссагузор буда, дар ғафлат намонем, баҳри пешгирии ин бемории сироятӣ чораҳо андешем.
Аз тамоми мардуми шарафманди ноҳия хоҳиш менамоям, ки дар ин рӯзҳои вазнини ҳалокатовар ба саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ дода, худ ва аҳли пайвандонро ҳифз намуда, дар хонаҳои худ бошанд ва бидуни зарурият ба кӯча набароянд. Зеро саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст. Ба тозагии хонаву дари худ машғул гардида, қоидаҳои дурусти гигиенаи шахсиро риоя намоянд.
Ҳамдиёрони азиз!
Бо боварии том гуфта метавонем, ки агар қоидаҳои гигиенаи шахсиро дар вақташ риоя намоем, албатта аз ин буҳрони марговар хоҳем баромад ва онро мағлуб хоҳем кард.
Пас, биёед, ҳамдиёрон, ҳама яз як гиребон сар бароварда, ба хотири солимии тифлакони ширин, модарони меҳрубон, падарони бузургвор, хоҳарони дилсӯз, бародарони бамеҳр, хуллас барои ҳамаи азизону пайвандон бо амалҳои нек талош намоем, зеро дар урфият гуфтаанд: “Бар сари фарзанди одам ҳарчи ояд, бигзарад…”
Бори дигар мардуми шарафманди ноҳияро ба Иди моҳи Шарифи Рамазон табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, файзу баракати рӯзгор ва фазои орому осуда таманно дорам. Гуфтаниям, ки зиндагиро дӯст доред, ба фардо хушбин бошед ва худу наздиконатонро эҳтиёт намоед.
Ид муборак!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.