Имрӯз, 4-уми май дар муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидови ноҳияи Ашт мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони ноҳия доир гардид.
Дар он раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Зоҳидзода Олимҷон Алиҷон ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст, Аҳтам Абдуллозода бо ҳамроҳии Зариф Мирдадо ва Зоҳидзода Алиҷон дар толори театр аз дастовардҳои бонувони ҳунарманд ва ҷавонони ихтироъкори ноҳия дидан намуда, таъкид дошт, ки дар Соли ҷавонон, ҷавонони ихтироъкор бо назару ғояҳои нав ихтироъ намоянд. Барои тақвият бахшидани истеъдоди ҷавонони ихтироъкор А. Абдуллозода ба онҳо маслиҳатҳои муфид дод.
Зимни мулоқот бо ҷавонони ноҳияи Ашт Аҳтам Абдуллозода ҷавононро ба Соли ҷавонон таҳният гуфта иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва маҳз бо ҳамин хотир, соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон бо мақсади муттаҳид кардани нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии насли ҷавон баҳри расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ва барои беҳбудии сатҳи зиндагии сокинони ҷумҳурӣ, эълон гардид. Солҳо мегузаранд, вале соли 2017 ҳамчун нишони эҳтироми Пешвои миллат ба ин қишри ояндасоз, ки дар асл метавонанд Ватани маҳбуби моро ободу зебо гардонанд дар таърих боқӣ мемонад.
Аҳтам Абдуллозода дар идома аз коста шудани ахлоқ ва рафтори ба фарҳанги мо номуносиби ҷавонон дар ҷомеа изҳори нигаронӣ карда афзуд, ки мо бояд эҳтироми насли калонсол, аз ҷумла эҳтироми волидонамонро баҷо орем.
Баъди суханронии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар сӯҳбати озод доир шуд, ки ҷавонон ба А. Абдуллозода дархосту пешниҳоди худро баён намуданд.
Фарзона Умурзоқова, омӯзгори фанни забони рӯсии гаимназияи №1 шаҳраки Шайдон дархост намуд, ки барои омӯзонидани забонҳои хориҷӣ ба ҷавонон курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ба роҳ монда шавад.
Эраҷ Қурбонов, омӯзгор ва соҳибкори ҷавон аз Аҳтам Абдуллозода дархост кард, ки дар Соли ҷавонон дар ноҳияи Ашт бинои маркази ҷавонон қомат афзояд, ки минбаъд нишон аз Соли ҷавонон дар ноҳия боқӣ мемонад.
Сафар Абдураҳимов, шоири ҷавон дархост кард, ки аз тарафаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар барои нашри ашъори шоирони ҷавони ноҳия кӯмаки молиявӣ расонида шавад.
Аҳтам Абдуллозода дархости ҷавононро қабул намуда, иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддати забонҳои хориҷиро ба таври ройгон ба роҳ мемонанд. Ҳамзамон гуфта шуд барои амалӣ намудани дигар дархосту пешниҳоди ҷавонон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар мулоқот ба оилаҳое, ки аз офати табии рӯзҳои охир зарар диданд кӯмакпулии яквақтаина аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода тақдим карда шуд. Ҳамчунин ба ғолибони олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим гардид.
Дар охир чорабинии фарҳангӣ манзури ҳозирин гардид.
Саодат ИСМОИЛӢ