Андоз бақои давлат аст

 1 614 боздид

Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед, ёрдамчии калони прокуратураи вилояти Суғд Абдуғаффор Насриев, сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд Шамсиддин Раҳимов, сардори нозироти андози ноҳия Ҳамзализода Файзалӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва андозсупорандагон машварати корӣ гузаронида шуд.

Дар он сардори нозироти андози ноҳия Ҳамзализода Файзалӣ аз рафти корҳои иҷрошуда дар нимсолаи аввали солӣ ҷорӣ баромад намуда, иброз дошт: “Иҷроиши нақшаи буҷети давлатӣ барои нимсолаи аввлаи соли 2017 бо ҳисоби андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,8% иҷро шуда, ба ҷои 19344 ҳазор сомонӣ ба буҷет 19687 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гаштааст, ки нисбати нақша 343973 сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондод нисбати нимсолаи аввали соли сипаришуда, 1586 ҳазор сомонӣ барзиёд аст. Дар ин давра нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,4% таъмин гардидааст, ки ба ҷои 3837 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 3892 ҳазор сомонӣ, яъне 55 ҳазор сомонӣ, маблағ барзиёд ворид гаштааст”.

Дар идомаи баромадаш Ҳамзализода Файзалӣ афзуд: “Дар давраи ҳисоботи иҷроиши се намуди андоз таъмин карда нашуд, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз соҳибони воситаи нақлиёт ва пардохтҳои дигари буҷети маҳаллӣ, ки сабабҳои иҷро нашудани худро доранд”.

Дар охири машварат масъулин аз саривақт пардохт накардани андоз изҳори нигаронӣ намуда, аз иштирокдорон, ки аксарияташон андозсупоранда буданд даъват ба амал оварданд, то саривақт андозҳоро пардохт намоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.