АШТ: 30-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ БОШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 2 333 боздид

Имрӯз, санаи 21 феврали соли ҷорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, муовини сардори ситоди генералӣ генерал — майор Шараф Эгамзод ва роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарон, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, ҷанговарони байналмилал, бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ — атомии Чернобил, собиқарони меҳнат, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо, ҷавонону занони фаъол, соҳибкорон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз, ба таври тантанавӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ворид гардида, суруди миллӣ садо дод.

Нахуст, Шарифҷон-Ахмедов — сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи шодбошии Раиси вилоятро ба аҳли толор ироа намуд:

“Новобаста аз вазъияти душвор ва ҳассос Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда барои мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, заминаи моддию техникӣ тадбирҳои заруриро андешиданд.”

Баъдан, муовини сардори ситоди генералӣ генерал — майор Шараф Эгамзод ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати 30-умин солгарди таъсисёбии Артиши Миллӣ шодбош гуфт.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромад, афсарону сарбозонро ба ин ҷашни пурифтихори давлатӣ, яъне Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт:

“Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки метавонад бо афсарону сарбозони шуҷову далер, мутахассисони баландихтисосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ оромиву осоиштагии давлату миллатро таъмин менамояд.”

Дар идома Раиси ноҳия қайд намуд, ки сафи ҷавонони хоҳишманд барои адои хизмати Модар — Ватан аз ноҳияи Ашт зиёд гардида, онҳо довталабона ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.
Муовини сардори ситоди генералӣ генерал — майор Шараф Эгамзод тибқи фармони вазири мудофеаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Генерал полковник Шералӣ Мирзо бо назардоштӣ хизматҳои шоён ба Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода пеш аз мӯҳлат рутбаи навбатии як зина боло падполковники эҳтиётӣ дар вазъи тантанавӣ тақдим намуд.

Дар ҷараёни таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ ба як қатор роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар вазъи тантанавӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, як қатор кормандони фаъол бо медалҳои ҷашнӣ ва  кормандону сарбозони фаъол бо  Сипосномаи Раиси ноҳия қадршиносӣ карда шуданд.

Дар охир барномаи рангини бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба самъи аҳли нишаст, пешкаш гардида таъби ҳозиринро болида намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.