АШТ: 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 6 052 боздид
 09.09.2023
Дар идомаи силсилачорабиниҳои Ҷашни Истиқлол имрӯз дар толори МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов 32-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд.
Нахуст дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба як қатор собиқадорон кӯмаки пулии Раиси вилоятро аз номи Ҷаноби Олӣ тақдим намуданд.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз маҳсули дасти ҳунраҳои мардумии сокинони ноҳия дидан намуданд.
Баъдан аҳли толор ва дар симои онҳо кулли сокинони ноҳияи Аштро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло таҳният гуфта, Паёми табрикии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуд:
“Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҷашни бузурги таърихӣ ва муқаддаси
32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди ватандорӣ таҷлил намуда истодаанд.
Зеро истиқлоли давлатӣ неъмати бузург, номуси ватандорӣ ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон буда, туфайли заҳмати шабонарӯзӣ ва кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯзҳо кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста мебошад.”
Неъматулло Ҳикматуллозода бо ёдоварӣ аз иншооти мухталифе, ки дар ноҳияи Ашт бунёд шудаанд, гуфт, ин ин ҳама аз файзу баракоти Истиқлол, таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати кишвар, дасти сахои мардуми фарҳангбунёд ва меҳнатқарини ноҳия аст. Ин албатта, анҷоми кор нест. Кунун мардуми заҳматпешаи меҳан, аз ҷумла, ноҳияи Ашт ҷиҳати сазовор ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлол камар бастаанд.
—Ба мардуми хушиқболи ноҳия бори дигар ҷашни милливу мубораки Истиқлол ҳумоюн бошад ва саодатмандӣ, рӯзгори обод, дастархони пур аз нозу неъмат, осмони соф насибатон бошад!—гуфт Н.Ҳикматуллозода.
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро Рустамзода Сӯҳроб қироат намуд.
Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода дар паёми табрикиаш аз падидаҳои Истиқлол, ободии диёр ва ҳадафҳои неку созанда ҳарф зада, ин ҳама сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳияро аз файзу баракат ва ҳастии Истиқлолият арзёбӣ намуд:
“Дар раванди корҳои ободонӣ-созандагӣ баҳри таҷлили сазовори ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 744 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 419 адад иншоот ба маблағи 40 миллину 199 ьазорсомонӣ, бо таъсиси 109 ҷойи корӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон 7 адад иншоот ба истифода дода шуд, ки ҳамчун туҳфаиҷашнӣ ба мардуми ноҳия арзёбӣ мегардад.”
Чанд нафар аз собиқадорону заҳматкашони касбу корашон гуногун бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳия қадр карда шуданд. Ҳамчунин пешқадамони хизматнишондода, бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз гаштанд.
Суруду оҳангҳои дилкашу рақсҳои ҷаззоб, ки аз ҷониби аҳли фарҳанг пешниҳод гардид, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Сайру гашти идонаи сокинони ноҳия дар боғи истироҳатии М.Воҳидов идома ёфт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.