АШТ: ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА.

 444 боздид
09.09.2023
Идомаи сафари кории Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Раиси ноҳия дар ҷамоати деҳоти Ориён сурат гирифт.​
Дар деҳаи Шаҳринави ҷамоат сехи мебелбарорӣ ва нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтумонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Турсунов О ба истифода дода шуд.​
Тавре ба меҳмонон маълумот дода шуд, бунёди коргоҳи нав метавонад сокинонро бо мебелҳои хушсифати худӣ ва арзон таъмин намояд. Ҳоло коргоҳ иқтидор дорад намуди гуногуни мебелҳоро ба мизоҷот пешниҳод намояд ё тариқи фармоиш созад.
Дар давоми сафари​ корӣ аз рафти корҳои азнавсозии пул ва роҳи байнидеҳавӣ Наврӯз ва ҷараёни майдончаи варзишӣ боздид ҷараён гирифта, барои бо сифати баланд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳои сохтумони ба сохтумончиён​ дастур дода шуд.
Маври ба зикр аст, ки барои мустаҳкам ва азнавсози намудани пул ва роҳи байнидеҳави соҳибкорони​ маҳаллӣ Мамадҷонов Ф ва Отабоев Қ саҳми худро мегузоранд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Раиси ноҳия дар чорабини идона бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлати иштирок ва суханрони намуданд.
Дар чорабини ба як қатор фаъолон ва саҳмгузорони ободӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Барномаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ буд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.