АШТ: 6 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ

 1 014 боздид

Санаи 31 июли соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои соҳиб шудан ба стипендияи Президентӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназия озмун баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории озмун, ин дарёфти истеъдодҳои нав, хонандагони болаёқа ва ҳавасманд гардонидани хонандагони муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ гардид.

Стипендияи Президентиро 6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсею гимназия, ки фақат бо баҳои аъло таҳсил менамоянд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд, соҳиб гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки барои дарёфти Стипендияи Президентӣ 24 нафар довталаб номзад шуда буданд. Аз ин теъдод ба 6 нафар муяссар шуд, то соҳиби стипендияи Президентӣ дар соли хониши 2018-2019 гарданд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.