Ашт: 9218 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

 1 123 боздид

Давоми як моҳ аст, ки дар ноҳияи Ашт барои ҷамъоварии пахта ҳама якдилона талош намуда, санаи 14 октябр нақшаи солонаи пахтаро дар ноҳия барзиёд иҷро карданд, ки 100,2 фисадро ташкил медиҳад. 

Мувофиқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ то санаи 14 октябр аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳия 9218 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуда, он ба корхонаҳои коркарди пахта супорида шуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2234 тонна зиёд мебошад.

Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт мегӯяд соли ҷорӣ дар майдони 5407 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Дар хоҷагиҳои пахтакори «Рахшона», «Судоба», «Судҷа» ва дигар хоҷагиҳо пахта ҳосили хуб дод.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт барои саривақт иҷро кардани нақшаи солонаи пахта миннатдории худро ба тамоми хоҷагидорон ва сокинони ноҳияи Ашт мерасонад.

Ҳоло чиниши барзиёди пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор идома дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.