Шоми гузашта 18 октябри соли равон, Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ва муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт Ҷалилӣ Аниса ба дидорбинии ҳашарчиёни чиниши пахта ба бошишгоҳи саҳроии ҶДММ “Рахшона” ташриф оварда, аз буду боши ҳашарчиён аз наздик шинос шуданд.
Дар хоҷагиҳои пахтакори ҶДММ “Рахшона” 200 нафар ҳашарчиён аз шаҳрҳои Исфара ва Истарвшан барои беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта ҳузур доранд.
Роҳбарияти ноҳия ба ҳашарчиён барои дастгирии марди деҳқон миннатдории самимии хешро расонида, ба 2 нафар сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ба 12 нафар маблағи пулӣ дар ҳаҷми 100 сомонӣ тақдим намуданд.
Дар охир барои болидахотирии ҳашарчиён аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ ташкил карда шуд.