Зимни сафари корӣ ба ноҳия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло аз иншоотҳои ҷашнии ифтитоҳшаванда боздид ба амал оварданд. Дар рафти боздид Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, муовини Раиси ноҳия оид ба иқтисодиёт, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони якқатор сохторҳои марбута ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло баъд аз боздид ба роҳбарияти ноҳия, масъулини сохторҳои марбута, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сохтмончиён ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.