Санаи 21 марти соли равон, пеш аз оғози чорабиниҳои Наврӯзӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло ба 4 нафар собиқадорони меҳнат кӯмакпулии яквақтаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро дар ҳаҷми 500 (панҷсад) сомонӣ ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз – 2022 супорида шуд.
Сипас, ҷашни Наврӯзи байналмилал дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ширкати зиёда аз 6 000 нафар сокинони касбу кори гуногун, табақаҳои мухталифи ноҳия, сарбозону аскарони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии Наврӯзӣ Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсату кумитаҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ дар ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.
Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо ҳамроҳии меҳмонон аз хаймаҳои наврӯзии корхонаву ташкилотҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан карданд.
Баъди тамошои гирду атрофи Наврӯзгоҳ меҳмонон ба саҳнаи таҳният баромаданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло ва Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат тамоми сокинони ноҳия ва иштирокдоронро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз – 2022 табрик намуданд.
Сипас, аз ҷониби меҳмонон корхонаву ташкилот ва ҷамоатҳое, ки дар озмуни наврӯзӣ аз рӯйи 5 номинатсия иштирок намуда, ғолиби озмун гардиданд бо Сипосномаи Раиси ноҳия ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас бо барномаи театркунонидашуда қисми фарҳангии чорабинӣ оғоз гардида, барномаи рангини фарҳангӣ тақдими меҳмонон ва сокинони ноҳия гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки тантанаҳои Наврӯзӣ идома дорад, дар боқимонда ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил карда мешавад.