АШТ: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТИМСОЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 336 боздид

Санаи 23 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарини таърих” бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, сиёсатмадорони ноҳия, олимону устодон, шоирон ва фаъолон  доир гардид.

Раиси ноҳия  зимни суханронӣ дар конфронс нахуст фаро расидани 25-умин солгарди  Рўзи Ваҳдати миллиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон таҳният гуфт:

“Мо дар остонаи таҷлилӣ иди бузург, 25 солагии Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Бо азму талошҳои фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз парокандагӣ раҳо ёфта, сӯйи оромиву осоиштагӣ қадамҳои устувор гузошт. Ҷавонмардӣ, далерӣ, хирадмандиву меҳанпарастӣ, шуҷоату матонат, нангу номуси Пешвои муаззами миллат буд, ки мо дар марҳилаи ободи эъмори давлатдорӣ қарор дорем. Ҳар фарди худогоҳу ватанпарастро мебояд, ин сулҳу оромӣ ва ободии меҳанро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад.”

Баъдан Зафар Маҳмадҷонов раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, шоира Гулбаҳор Маликзода  раиси анҷумани  “Пайванд” дар ноҳия, Зафар Аҳмад сардори маҳфили “Ворисони Маъдан”, Марасулов Аҳмар директори МТМУ №40 дар баромади худ қайд карданд, ки маҳз бо шарофати барқарор шудани сулҳу ваҳдати  миллӣ дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт, ки меъмори ваҳдат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар фарҷом роҳбари ноҳия барои баромади пурмуҳтаво ба баромадкунандагон изҳори сипос намуда, даъват ба амал овард, ки ҳамеша барои пеш бурдани ободкориву созандагӣ, якдиливу якмаромӣ,  осоишу ваҳдати ақлҳову қалбҳо пайваста талош намоянд.

Дар фарҷом муроҷиатнома қаблу гардид:

МУРОҶИАТНОМАИ

иштирокчиёни конференсияи илмӣ-амалии ноҳиявии

«Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарини таърих»

     Мо, иштирокдорони конференсияи ноҳиявии илмӣ — амалии «Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарини таърих», бо назардошти дарки амиқи аҳамияти таърихии сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ дар Тоҷикистон, ки ба хидматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунанд, маърӯзаҳои илмии дар конфронс манзуршударо шунида, бори дигар таъкид мекунем, ки дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ дар сарнавишти миллат ва мардуми тоҷик баробари Истиқлолият арзиш ва аҳамияти беназир дорад.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯзҳо дар фазои сулҳу ваҳдат мо ба таҷлили 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ  расидем. Барои мардуми Тоҷикистон расидан ба ин рӯзи таърихӣ осон ба даст наомадааст. То ба ин роҳ расидан чи қадар мушкилот ва роҳҳои вазнинро паси сар намудем. Миллати тоҷик он давраҳои ҷанги таҳмилиро ёд доранд, ки чӣ қадар хуни мардуми бегуноҳ рехта, ҳама аз пойдории давлати тоҷикон умеди хешро аз даст дода буданд.

Мардуми тоҷик бо сарварии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта, муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон доданд.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо ҳамчун фарзандони содиқи ин Ватани азиз вазифадорем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиро, ки барои ҷомеаи мо дастоварди бузург ва заминаи тамоми таҳаввулоти демократӣ мебошад, қадр ва ҳифз менамоем.

Дар ин бора, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арзиш  ва аҳамияти сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бамаврид таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозию қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рў, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем». Ҳосили талошҳои Пешвои сулҳофар ва меъмори воқеии ваҳдати миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эљоди равобити густурдаи Тоҷикистон бо мамлакатҳои олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, ҳамчун сабақи равшани таърихӣ ва таҷрибаи тоза дар таҳкими суботу оромӣ ҷойгоҳе муайян дарёфт.

Воқеан, хизмати бузурги таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлати ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз  ихтиёри давлатдорӣ  ба даст оварда, пеши роҳи  оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадро таъсис дода, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳаё намуданд. Бунёди сулҳи миллиро матраҳ намуда, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонида, сулҳи тоҷиконро ба даст оварда, ваҳдати миллӣ ва эҳёи онро амалӣ сохта, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

Мо, иштирокдорони конфронси илмӣ — амалии ноҳиявии «Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарини таърих» бо назардошти хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории навин, нақши арзанда дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, њуқуқбунёд ва дунявӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми кишвар аз мақомоти олии қонунгузори мамлакат хоҳиш менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дуюм ба унвони олии Ватан — “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонанд.

Бигузор, дастоварди бузургтарини таърихӣ — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли миллии мо ҷовидона бошад!

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.