АШТ: Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 364 боздид

Имрӯз, 3 апрели соли равон, дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозони қисмҳои низомии ноҳия, падару модарони навдаъватшавандаҳо иштирок доштанд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, дар баромади худ иброз доштанд, хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Ҷавонони мо дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқатро омӯзанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”.
Мо имрӯз ба ҳамаи падарону модарон, ки чунин фарзандони боғуруру ватандӯстро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ба воя расониданд ва ба ҷавонписароне, ки бо амри дил барои хизмати Ватан – Модар ҳозир гаштаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, арзи сипос менамоем.
Топилов Худоёр даъватшаванда аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, деҳаи Мулломир дар баромади худ зикр дошт, ки мехоҳам ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол барои Ватан ва ҳимояи марзу буми он хизмати содиқона анҷом диҳам.
Инчунин ба 25 нафар навдаъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Дар охир барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар гусели наваскарон 70 нафар ҷавонони ихтиёрӣ аз ноҳия ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.