АШТ: Ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо мардуми шарифи ноҳия вохурӣ анҷом дод.

 612 боздид

23.08.2023 вақт 09:00

Ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд. Меҳмононро муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз номи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Дар оғози сафар Ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон- Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина, сардори раёсати таҳлил, иттилоот ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Зубайдулло, муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура Оқилзода, муовини аввали Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева ва муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ аз ҷараёни сохтмони коргоҳи ҷӯроббофӣ ва корхонаи коркарди нахи пахта дар як шабонарӯз 15 тонна дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуданд.

Маврид ба зир каст, ки иқтидори коргоҳи ҷӯроббофӣ дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯробро ташкил дода, 200 нафар бонувон ва сокинон соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Боиси қайд аст, ки ин ду корхонаи азим метавонад беш 600 нафарро ба ҷойи кории доимӣ бо маъоши баланд таъмин намояд.

 

Сипас, дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мулоқоти ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳифзи дастовардҳои истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ” доир шуд.

Дар вохурии Ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ходимони соҳаи фарҳанг ва тиб, занони фаъол, шоирону нависандагон ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Ҷаласаро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ифтитоҳ намуда, ҳайати меҳмононро ба ҳозирин шинос кард.

Таъкид гардид, ки вохӯрии имрӯза дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз он ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мебошад.

Рудобаи Мукаррам, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зимни суханронии пурмуҳтавои худ вобаста ба файзи ваҳдат ибрози андеша намуд.

Дар идома Шерхон Салимзода, собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир ба сохти давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ суханронӣ намуд.

 

Дар идомаи мулоқот Давлатов Зубайдулло, сардори раёсати таҳлил, иттилоот ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ суханронӣ намуд.

Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ зимни суханронӣ ба меҳмонони олиқадр барои вохӯрии судманд аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Ваҳдати миллӣ наъмати бузугтарин мебошавд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пешқадамон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Ҳадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.