АШТ: ВАРЗИШГАРОНИ НОҲИЯ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ҒАЛАБА БА ДАСТ ОВАРДАНД.

 5 770 боздид

Санаҳои 21-28 августи 2023 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Осиё оид ба Муй-тай байни наврасон, ҷавонон, духтарон ва калонсолон баргузор гардид.

Дар Чемпионати мазкур дастаҳо аз 15 давлати ҷаҳон аз ҷумла, Тоҷикистон,  Ӯзбекистон,  Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Қатар, Озарбойҷон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Таиланд ва дигарон иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар ин чорабинӣ дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 87-нафар варзишгарон муаррифӣ намуданд ва дар байни онҳо 7-нафар аз ноҳияи Ашт, дастпарварони мураббии Муассисаи давлатии мактаби варзишии рақами 1-и ноҳияи Ашт — устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба Муй-тай Авазов Сангинбой иштирок ва қувваозмоӣ карданд.

Боиси хушнудист, ки  7-нафар варзишгарони муассиса бар ҳарифашон дастболо гардида, 3-нафар сазовори ҷои 1, 2-нафар сазовори ҷои 2 ва 2-нафар сазовори ҷои 3 дар Чемпионати мазкур гардиданд.

Ба ин муносибат варзишгаронро Аз номи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода муовини Раиси ноҳия бо гулдастаҳо гарму самимӣ истиқбол гирифта, аз номи Раиси ноҳия ба муносибати ғалабаи бузург таҳният намуд.

Варзишгарон зимни мулоқат барои фароҳам овардани шароити мусоиди ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипос намуданд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.