13.06.2023.
Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳамадзода бо ҷавонписарони хатмкунандаи Ҷамоати деҳоти Ошоба ва Понғоз баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарият ва кормандони комисариати ҳарбии ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шаъхсони дахлдор иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба даъвати ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баён намуд:
“Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад, ки асосгузори Артиши миллӣ сарфармондеҳи Қуваҳҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёри ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.”
Дар худи толор пас аз баромади таъсирбахши Раиси ноҳия наздик 40-нафар хонандагон аз ҷой бархеста иброз доштанд, ки ба даъвати тирамоҳӣ омода ҳастанд бо амри дил барои поси Ватан раванд.
Аҳли толор аз ибтикори ин ҷавонон ба ваҷҳ омада, бардавом кафкӯбӣ карданд. Маврид ба зикр аст, ки ин ҷавонони бо нангу номуси ватандӯст ба ҳар як ҷавон намунаи ибрат аст.
Дар назар аст бо ҷавонписарони хатмкунандаи дигар ҷамоатҳо чунин вохуриҳо баргузор гардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия