АШТ: РАИСИ НОҲИЯ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОРИЁН САФАРИ КОРӢ АНҶОМ ДОД.

 771 боздид

13.06.2023

Имрӯз, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода сафари кории хешро аз Ҷамоати  деҳоти Ориён оғоз намуд  ва аз нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, шолӣ, ғалла, ҷуворимакка боздиди корӣ анҷом дод.

Раиси ноҳияро роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии бузург, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва шахсони дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст, Шӯҳрат Муҳаммадзода  бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулини соҳаи  кишоварзӣ  мулоқоти кушоду сарироҳӣ доир намуд. Зимни суханронӣ роҳбари ноҳия баён дошт:

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар таъмини амнияти озуқаворӣ  таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд. Аз ин лиҳоз,тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ, хусусан хоҷагиҳое, ки ба пахтакорӣ машғул мебошанд ба парвариши  пахта аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Кишоварзони ноҳия бо додани нуриҳои миниралӣ, тоза намудани пахта аз алафҳои бегона, коркарди байниқаторӣ, пешгири аз ҳашаротҳои зараровар доимо таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода бошанд, зеро ин омилҳо кафили гирифтани ҳосили фавровон мебошад.”

Сипас, Раиси ноҳия аз хоҷагиҳои деҳқонии “Комилҷон”, “Камол”, “Сарибоғ”, “Ситора”, “Зарнигор”, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ориён воқеъ мебошад боздид ба амал оварда, аз фаъолияти пахтакорони ҷамоат изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар идомаи сафари корӣ бо аз як қатор ишоотҳои ҷашнӣ дидан, карда Шӯҳрат Муҳаммадзода дастуру тавсеаҳои худро иброз намуд. Бо овардани намуна аз ишооти даромадгоҳи Ҷамоати деҳоти Ориён роҳбари ноҳия тамоми раисони ҷамоатҳоро дастур дод, ки дар даромадгоҳҳои ҷамоатҳо бунёд созанд.

Дар фарҷом ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия супориш дода шуд, ки камбудиҳо дар фурсати кутоҳтарин ислоҳ гардад. Иқдом карда шуд, ки ҳар ҳафта таҳти раёсати Раиси ноҳия аз ҷамотҳои боқимонда азназаргузаронӣ карда мешавад. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои назорати супоришҳои Раиси ноҳия ва санҷиш пас аз муҳлати муқараргардида вазифадор гардиданд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.