АШТ: ИДОМАИ МУЛОҚОТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ ОШОБА ВА ИФТИХОР

 403 боздид
           Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоатҳои деҳоти Ошоба ва Ифтихор вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо интихобкунандагон ва фаъолон ҷараён гирифт.
        Дар вохӯрӣ муовинони Раиси ноҳия, рохбари дастгохи раиси нохия, прокурори ноҳия, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони ШВКД ЧТ дар нохияи Ашт ва КДАМ дар ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия , роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, интихобкунандагон ва фаъолону сокинони ҷамоатҳо иштирок намуданд.
Зиёӣ Баҳриддин зимни баромади худ зикр намуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта барои ҳар як сокини меҳанпараст роҳбалади бузург аст.
     Сипас, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бобати ободониву созандагӣ тавре дар Паёми роҳбари давлат ишора гардидааст ҳарф гуфт.
Баъдан прокурори ноҳия Каримзода Тоҷиддин бобати тартиби беҳтар кардани ҳуҷатнигорӣ дар самти замин ва дигар соҳаҳо ва устувори қонунгузорӣ ҳарф зад.
      Инчунин намояндаи КДАМ дар ноҳия Муҳиддинов Ҷомӣ бобати пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстромистӣ бо мисолҳои мушаххас баромад намуд.
Дар фарҷом Шӯҳрат Муҳаммадзода дар хусуси беҳтар ба роҳ мондани корҳо ба масъулин дастур дода, даъват ба амал овард, ки дар ободии диёр ва пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фаъол бошанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.