АШТ: ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ВАРЗИШГАРОН ФАРХУНДА БОД.

 436 боздид
30.01.2024
Бегоҳии имрӯз Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода варзишгари ғолиб Бойматов Шерхон ва Мамадҷонова Рамзияро ба ҳузур пазируфта, бо Сипоснома ва маблағм пулӣ қадрдонӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки санаҳои 22-28.01.2024 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белоруссия мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба Бокс байни наврасону духтарони солҳои таваллудашон 2008-2009 ба хотири гиромидошти устоди Бокс Н.Н.Шейна баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 2-нафар дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии рақами 1-и ноҳияи Ашт Мамадҷонова Рамзия ва Бойматов Шерхон муаррифӣ намуданд.
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки ин ду нафар варзишгари тоҷик тавонистанд маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гарданд ва Парчами Тоҷикистони азизамонро боло бардоранд.
Бойматов Шерхон дар вазни 52кг сазовори ҷои 1 🥇ва Мамадҷонова Рамзия дар вазни 48кг сазовори ҷои 2🥈 гардиданд.
Бояд қайд кард, ки чорабинии мазкур санаи 22.01.2024 оғоз гардида, то санаи 28.01.2024 идома ёфт ва дар ин чорбинӣ дастаҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белоруссия, Молдавия ва дигар кишварҳои гуногун иштирок карданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.