АШТ: ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ АШТ ВА ПУНУК

 391 боздид

Имрӯз 10 декабр дар тӯйхонаи «Орзу»-и Ҷамоати деҳоти Ашт, муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ бо қишрҳои гуногуни ҷамоат доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ мулоқот намуд. 

Сипас дар клуби Ҷамоати деҳоти Пунук Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт бо сокинон ва фаъолони ҷамоат вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқоти худ Зариф Мирдадо Раиси ноҳия дар вохӯрӣ бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Пунук оид ба чароғонкунии кӯчаҳо, сабзу хуррам гардонидани маркази ҷамоат, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар ду тарафи роҳ, пешгирии зуҳуроти терроризму экстримизм, баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, паст намудани вазъи ҷинояткорӣ дар ҷамоат, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, сухан гуфт.
Муҳиддинзода Бурҳониддин раиси Ҷамоати деҳоти Пунук, иброз дошт, ки ин мушкилҳои ҷойдоштаро бо дастгирии фаъолони ҷамоат бартараф хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрӣ дар дигар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия дар назар аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.