АШТ: НАВРӮЗИ АҶАМ БО ШУКӮҲ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОРИЁН БАРГУЗОР ГАРДИД.

 622 боздид

Дар қисмати дуюми рӯзи 22-уми март Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо мақсади иштирок дар тантанаҳои Наврӯзи Аҷам бо ҳамроҳи сохторҳои дахлдор ба Ҷамоати деҳоти Ориён ташриф оварданд.

Зимни сафари корӣ меҳмонон майдончаи варзишӣ, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Рӯзиев Нурмуҳаммад дар деҳаи Қалам бунёд ёфтааст, бо иштироки сокинон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сипас, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳия дар ҷамоат ба кишти пахта оғоз бахшида шуд. Баъдан аз ҷониби меҳмонон дар МТМУ рақами 10 дар деҳаи Қалам ба 8 синфхонаи иловагӣ санги асос гузошта шуд, ки тариқи ҳашар бунёд хоҳад ёфт.

Дар идома, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар таҷлили Наврӯз-2023 дар ҷамоат ширкат намуда, сокинонро таҳният намуданд.

Як гуруҳ пешқадамон ва фаъолон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Барномаи рангини аҳли фарҳанги ҷамоат таъби сокинонро болида намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.