АШТ: ИҶЛОСИЯИ ПОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ АШТ ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД.

 475 боздид

10.03.2023                                вақт: 10:00

      Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт даъвати шашум баргузор гардид.

 Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Темур Тӯйчизода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ ва директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ кори худро оғоз намуд.
Дар оғоз ахбори  прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин Сафар оид ба рафти вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва мубориза ба ҷинояткорӣ дар ноҳия дар соли 2022 шунида шуд.

Муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед  оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222, қарори раиси вилояти Суғд аз 28 сентябри соли 2021, №468 ва қарори раиси ноҳия  аз 27 декабри соли 2021, №622 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи  то соли 2030” ҳисобот дод.

 

Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Ашт оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ Муллоҷонова Дилафрӯз Рустамовна, раиси комиссияи доимӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии Маданият №3 шунида шуд.

 Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Хуҷибак №11 Турсунзода Бахтиёр Абдусамад оид ба иҷрои ваколати вакилиаш пешнигоҳ гардид.

   Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ баромад намуд.

Қарорҳои  ба тасвиб расидаи Раиси ноҳия аз ҷониби вакилони ноҳия тасдиқ карда шуд.

 Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт даъвати шашум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Темур Туйчизода баромад карда, фикру андешаҳои худро оид ба минбаъд беҳтар намудани самти фаъолият дар соҳаи маориф ва фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба назорат ва иҷрои Барномаҳои давлатӣ  баён кард.

Дар анҷом Раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Пискокат №38 Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ баромад намуда, барои беҳтар кардани фаъолияти корӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолот ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбиникардашуда дар назди масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.