АШТ: Ҷаласаи ҳаракати ҷамъятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

 278 боздид

29.09.2022

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода,  намояндаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ доир гардид.

Дар ҷамъомад муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, роҳбарони муасиссаҳои таълимӣ, имом-хатибон гирандагони стипендияи Раиси ноҳия, паъзоёни Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва дигар фаъолон  иштирок намуданд.

Дар Шӯро 4 масъала баррасӣ карда шуда, Раиси ноҳия -Раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Рустамзода Наврӯз Рустам муовини озоди Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  интихоб карда шуданд.

Баъдан, ҳисоботи муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ вобаста ба фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт шунида шуд.

Раиси ноҳия зимни баромади хеш баён намуд:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониву баромадҳои худ Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ситоиш мекунанд ва асоси ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистони мустақил медонанд.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифтааст.”

Сипас, намояндаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ баромад намуд.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.