АШТ: ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ШУД.

 514 боздид

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи кории Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо иштироки васеи фаъолон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар оғоз, Шӯҳрат Муҳаммадзода ба корҳои омодагӣ ба сазовор ҷашн гирифтани 32 солагии Истиқлоли давлатӣ, самаранок истифода намудани ҳар порчаи замин ва омодагиҳо ба ғунчинӣ пахта ва замистонгузаронӣ ба масъулин дастур дод.

Дар фарҷом ба муносибати қадрдони гардидани Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хизмати шоиста» аз номи фаъолон муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ таҳният намуда, эҳтироми мардуми Аштро баён намуд.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромада, барои дастгирии ҳамаҷониба ба фаъолон ва сокинон, ки пайравии содиқона ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро доранд, изҳори сипос намуд. Раиси ноҳия иброз дошт, ки медали «Хизмати шоиста» ин меҳнатҳои пайвастаи ҳар як сокини бонангу номуси ноҳия аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.