АШТ: Вохурии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо итихобкунандагони ҷамоати деҳоти Ориён ва Меҳробод доир гардид.

 670 боздид

04.09.2023

Имруз, мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар хусусӣ “Фаъолият ва натиҷаҳо дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ” ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо бошандагони Ҷамоати деҳоти Ориён баргузор гардид.
Қабл аз вохӯрӣ доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос гардида, барои ҷонибдори аз сиёсати пеш гирифтаи Пешвои муаззами миллат изҳори қаноатманди намуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ориён вохури дар маркази ҷамоат баргузор гардида, дар он роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тибу маориф ва дигар шахсони дахолдор ширкат намуданд.

Нахуст, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар бобати «Фаъолият ва натиҷаҳо дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ” ба таваҷҷӯҳи ҳозирин маъулмоти муфассал пешниҳод намуд ва бобати сиёсати оқилонаи роҳбари давлат ҳарф зад.

Дар идома Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба вусъат ёфтани корҳои ободониву созандагӣ дар даврони соҳибистиқлол ва хусусан дар арафаи 32-юмин солгарди «Истиқлоли давлатӣ» баёни андеша намуд.

“Корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ориён вусъат ёфта, корҳо дуруст ба роҳ монда шудааст.

Қайд кардан бомаврид аст, ки иқдоми неки Раиси ноҳияро сокинони ҷамоат вазифаи аввалиндараҷаи худ қабул намуда, тамоми сокинон ва фаъолон муттаҳид гашта, дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ тариқи ҳашар , бунёди корхонаҳои хурду бузург, ободу зебо намудани кучаву қабристонҳо ва дигар корҳои хайр саҳми сазовор доранд.

Дар корҳои ободу зебосозӣ соҳибкорони бонангу номуси ҷамоат чун Абдусалом Қаҳҳоров пайваста ҳиссагузорӣ мекунанд, ки намунаи ибрат хоҳад буд.

Маврид ба зикр аст, ки вохӯрӣ дар фазои озод ва самимӣ ҷараён гирифт.
Аз номи сокинону омӯзгорон Фотима Истамқулова меҳмононро барои ташриф ба қаламрави ҷамоат хайрамақдам гуфт.

Дар фарҷом Раиси Ҷамоати деҳоти Ориён Ҳадарзода Эгам Анорқул ба сухан баромада, Раиси ноҳияро барои қадрдони гардидан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бо медали «Хизмати шоиста» аз номи сокинони ҷамоат таҳният намуд.
Шӯҳрат Муҳаммадзода ин қадрдониро меҳрубонии Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Ашт унвон кард.
Гирифтани акси ҳотиравӣ вохӯриро анҷом бахшид.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохури дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод низ бо иштироки васъи фаъолон доир гардид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.