АШТ: Ҷамоатҳои деҳоти Шодоба ва Ашт нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд.

 291 боздид

Кишоварзони олиҳиммати ҷамоатҳои мазкур бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ тамоми нерӯву заҳмати худро равон намуда, Ҷамоати деҳоти Шодоба дар майдони 795 гектар ва Ҷамоати деҳоти Ашт 501 гектар кишти пахтаро ба роҳ монда буданд.
Заркорони Ҷамоати деҳоти Шодоба бо сари баланд нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро 100,5 дарсад иҷро намуда, ба хирман 1746,5 ва пахтакорони Ҷамоати деҳоти Ашт нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро 100 дарсад иҷро намуда, ба хирман 1353 тонна тиллои сафед супориданд.
Хоҷагиҳои пахтакори ҷамоатҳои деҳоти мазкур ӯҳдадорӣ гирифтанд, ки то охири мавсим ба корхонаҳои коркарди пахта боз зиёда аз 200 тоннагӣ пахта ҷамъоварӣ намуда, дар иҷроиши нақшаи ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки кишоварзони Ҷамоати деҳоти Шодоба дар ҳамин давраи соли гузашта ба хирман 974 тонна пахта супорида буданд, ки соли ҷорӣ 772,5 тонна зиёд мебошад. Заркорони Ҷамоати деҳоти Ашт бошад дар ҳамин давраи соли гузашта 1076,1 тонна пахта супорида буданд, ки соли равон 276,9 тонна зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъоварии ҳосил дар боқимонда ҷамоатҳои деҳоти пахтакор муташаккилона идома дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.