АШТ: Корҳои лойқатозакунӣ дар насосҳои обкашӣ бо суръат ҷараён дорад

 818 боздид

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои бо об таъмин намудани заминҳои дар гардиши кишоварзӣ буда, корҳои лойқатозакунӣ дар пойгоҳи обкашиии АНС-1 босуръат ҷараён дорад.

Иброҳим Воҳидов сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба мо гуфт, дар давоми соли сипаришуда, дар пойгоҳи обкашии АНС-1 10,5 ҳазор метри кубӣ лойқа ҷамъ шуда буд, ки то имрӯз мо 8 ҳазор метри кубӣ лойқаро тоза намудем. Мақсад дорем, то санаи 6 феврали солӣ ҷорӣ корҳои лоқатозакуниро дар пойгоҳи обкашии АНС-1 ба итмом расонем.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз барои корҳои лойқатозакунӣ беш аз 6 тонна сӯзишворӣ ва 150 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.