Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва ташаббуси сокинони деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Ошоба, дар соҳили рости ин деҳа кӯпруки нав сохта шуда истодааст.
Тибқи иттилои Назирҷон Ашӯрматов раиси Ҷамоти деҳоти Ошоба, дар соҳили рости деҳаи Себистон 38 хоҷагӣ истиқомат мекунанд, баъди ба истифода додани ин кӯпрук аҳолии соҳили рости деҳаи Себистон бемамоният ба маркази ноҳия рафтуомад хоҳанд кард. Кӯпрук аз тарафи сокинони ин деҳа сохта шуда истодааст ва барои сохтмони кӯпрук наздик 60 ҳазор сомонӣ сарф хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол тақрибан 75%-и корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, то имрӯз беш аз 43 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ошоба, деҳаи Себистон дидан намуда ба масъулин маслиҳатҳои муфид дод.
Мавриди зикр аст, ки дарозии кӯпрук 8 метр ва паҳноиаш 4 метрро ташкил медиҳад. Барои бунёди ин кӯпрук аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт, 150 метр симтаноб (тросс) ва 225 метри мураббаъ симтурхалта тақдим карда шуд.