ВОҲИМА НИМИ БЕМОРИСТ!

 389 боздид

Коронавирус дар муҳити атроф ноустувор буда, зери таъсири маводҳои дизенфексионӣ ба осонӣ нобуд мешавад. Дар ҳарорати 37 дараҷа дар муддати 10-15 дақиқа вайрон шуда, дар ҳарорати паст устувор боқӣ мемонад ва дар ҳарорати 56 дараҷа базудӣ нобуд мегардад.
Беморӣ дар 85 фисади ҳолат мисли зукоми оддӣ аст, бидуни табобат мегузарад. Аз ин лиҳоз, вақте нишонаҳои бемориро дар худ ё наздикон мебинед, ба таҳлука афтодан нашояд. Танҳо риояи тавсияҳои зерин ҳатмист:
**Он нафароне, ки масунияташон паст аст (аксаран солхӯрдаҳо) ва ҳамчунин гирифторони бемориҳои музмин бештар осебпазир ҳастанд ва ба таваҷҷуҳи бештару табобати ҷиддӣ ниёз доранд. Бояд зикр намуд, иммунитети кӯдакону ҷавонон низ гоҳо ноаён паст асту хабар надоранд. Аз ин лиҳоз, эҳтиёткор будану бепарвоӣ зоҳир накардан мувофиқи мақсад аст.
**То ҳол доруи аниқ алайҳи ин беморӣ мавҷуд нест. Айни замон дар беморхона аксаран онҳое, ки ба организмашон вирус таъсири амиқ гузоштааст, табобат менамоянд. Дигарон метавонанд дар шароити хона низ бо табобат фаро гирифта шаванд. Чи хел?
1.Зиёдтар нӯшидани моеъгӣ—обмева, компоти дар хона омодашуда, асалчой, лимӯчой, шир, қатиқ, айрон ва оби тоза. Нӯшидани мураббо дар омехтагӣ бо об низ мумкин аст.
2.Истеъмоли ғизои дорои витамон ва сафедаҳо, сабзавоту мева, ширу ҷурғот, тухм, шӯрбо, мастоба (бо иловаи кабудиҳо), хӯришҳое, ки бо истифодаи караму сабзӣ ва сирпиёз омода шудаанд.
3.Ба маротиб тоза кардани ҳавои хона, пора карда мондани пиёз дар хона, дуд кардани ҳазориспанд. Беҳтар мешавад, ки намнокии хона паст нашавад ва гармии 18-22 дараҷагӣ дар хона мувофиқи мақсад аст.
4.Истеъмоли ҳаби парасетамол то 3-4 маротиб дар як рӯз; дар ҳолати сулфаи сахт нафас кашидани буғи сода, чайқонидани даҳону гулӯ бо оби гарми намаку содадошта (метавон ба бинӣ низ чунин обро то сӯзонидани димоғ кашид), истифодаи ҳаб ё обдоруи зидди сулфа; ба қафаси сина молидани асали тоза ё сачоқи бо оби гарм таркардашуда (ба муддати 10-15 дақиқа ва рӯзе 2-3 бор).
5. Аз ҳад зиёд нахобидан, роҳгардӣ дар саҳни ҳавлӣ, гоҳ-гоҳ бо шикам (ба истилоҳ пару) хобидан.
**Ҳатман дар беморхона табобат бояд гирифт, агар: дар як дақиқа то 30 маротиб нафас гиред, ҳини нафасгирӣ параҳои бинӣ ва китфу бозу иштирок намоянд, ранги пӯст кабудчатоб шавад, таби аз 39 дараҷа болои бо дору пастнашаванда, бемадории аз ҳад зиёд, паст шудани фишори хун, хеле кам ё зиёд шудани пешобро эҳсос кунед. Дар ин ҳолат ҳатман бояд тариқи телефон Ёрии таъҷилиро даъват кунед.
**Бемор ва нигоҳубинкунандагонаш бояд ниқоб истифода баранд. Агар ниқоб нам шуд, зуд онро иваз кунед. Ниқобҳои яккаратаро беш аз 2-3 соат истифода набаред. Ниқобҳои бисёркаратаро бошад, бо собун шуста, дар офтоб хушк ва бо дарзмол безарар намудан ҳатмист. Нигоҳубинкунандагон бояд ба ҳамаи қойидаҳои беҳдоштиро (пайваста шустани дастҳо, истифода аз маҳлули антисептикӣ, пӯшидани ниқоб) риоя намоянд. Кӯдаконро набояд ба назди бемор роҳ дод. Дар як хона хобидани чанд бемор мумкин аст, аммо шахсони сиҳат дар хонаи дигар бояд хоб кунанд ва ғизо истеъмол намоянд, беҳтар аст.
**Дар хотир бояд дошт, сироят ёфтани як нафар метавонад сироятёбии чандин нафари солим гардад. Аз ин лиҳоз, эҳтиёткор будан чандин нафари дигарро аз сироятёбӣ эмин медорад. Ин муҳаббати шуморо нисбати пайвандону атрофиён ва кӯмакатонро ба табибон бозгӯ менамояд.
** Ҳамарӯза ҳарорати бадани аъзоёни оиларо санҷидан ва аз машварати табибон истифода кардан муҳим аст. Безарурат кӯча набаромадан, аз ҷойҳои серодам дур будан, байни ҳам на кам аз 1,5-2 метр фосила гирифтан, худдорӣ намудан аз саломи дастӣ, ба оғӯш нагирифтани кӯдакон беҳтарин амалҳост ҷиҳати пешгирии паҳншавии беморӣ.
** Барои гирифтани маълумот ба расонаҳои эътимоднок рӯ оваред ва кӯшиш кунед, ба воҳима наафтед, чун ин беморӣ танҳо дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст, имрӯз тамоми ҷаҳон бо он мубориза мебарад. Дар хотир бояд дошт, ки воҳима ними беморист.
**Хеле муҳим аст, хушбин (позитивӣ) будан, ба назар гирифтани ҷиҳатҳои мусбии дар хона монданро, чун дар хона будан имкон медиҳад, бо фарзандон ва аҳли оила бештар дар тамос бошем, дунёи ботинии фарзандонро эҳсос намоем, бо аъзоёни оила боз ҳам аз наздик “шинос” шавем, меҳру муҳаббатамонро пайваста изҳор дорем, он корҳое, ки пештар ба қавле “дастамон намерасид” иҷро намоем, барномаҳои дӯстдоштаамонро тамошо кунем, китоб мутоила намоем.
Аминем, бо риояи гуфтаҳои мутахассисон, ки хеле осон аст, бар ин вабои аср ғолиб хоҳем омад.
Ф.ҲОҶИМАТОВ, духтур-озмоишгари КАТС-и ноҳия,
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.