АШТ: МУЛОҚОТИ НАВБАТИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ АШТ ВА ОРИЁН.

 449 боздид
АШТ: МУЛОҚОТИ НАВБАТИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ АШТ ВА ОРИЁН.
31.01.2024
Бо ҳадафи шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоатҳои деҳоти Ашт ​ ва Ориён вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо интихобкунандагон ва фаъолон баргузор гардид.
​ ​ ​ ​ Дар вохӯрӣ муовинони Раиси ноҳия, рохбари дастгохи раиси нохия, прокурори ноҳия, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарияти​ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нохияи Ашт, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия , роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, интихобкунандагон, ходимони дин, фаъолзанон дар умум фаъолону сокинони ҷамоатҳои зикргардида иштирок намуданд.
​ ​ ​ ​ ​ ​ Зиёӣ Баҳриддин зимни баромади худ зикр намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ​ тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта, барои расидан ба иқтисоди сабз сол аз сол қадамҳои устувор дорад. ​
Сипас, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинон мулоқот намуда, баён намуд:
​ ​ ​ “Тавре ​ дар Паёми роҳбари давлат ишора гардидааст мо бояд ба бунёди коргоҳҳои хурду бузурги саноати таваҷҷӯҳи махсус равона намуда, масъалаи таъмини сокинонро ба ҷойи кории доимӣ дар мадди аввал гузорем. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шодоба марҳилаи охирини корҳои сохтумонии корхонаҳои бузурги саноатӣ яъне корхонаи коркарди нахи пахта ва коргоҳи ҷӯроббофӣ бо 650 ҷойи корӣ ҷараён дорад.”
​ ​ Дар идома Шӯҳрат Муҳаммадзода ​ бобати пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстромистӣ бо мисолҳои амиқ баёни андеша намуда, масъулинро дастур дод, ки дар бедор кардани ҳисси ватандустиву меҳанпарастӣ корҳои заруриро ба роҳ монда ба сокинони деҳаҳои дурдаст ва осебпазир вохӯриҳо доир намоянд.
​ ​ ​ ​ Баъдан прокурори ноҳия Каримзода Тоҷиддин бобати роҳҳои дурусти ҳуҷатнигорӣ, саривақт баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва ҳаллу фасл кардани масъалаи онҳо аз лиҳози қонун баёни назар намуд. Оқибатҳои омилҳои ифротгароиро ба фаъолон аз нигоҳи қонун шарҳу тавзеҳ дод.
Дар фарҷом мулоқоти озод бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷараён гирифта, сокинон саволу пешниҳоди худро баён дошта, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия
и ещё 31
Смотреть статистику
Продвигать публикацию
Все реакции:

Юлдошали Джураев, Ҷасур Муҳаммадзода и ещё 45

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.